- пеш
- I[پيش]1. аввал (саф), рӯ ба рӯ (тараф); муқ. пушт; қафо2. (дар) гузашта, собиқ, муқаддам: зиндагонии пеш, замони пеш, солҳои пеш3. қабл: чанд сол пеш, чанде пеш, пеш аз милод4. оянда, баъд аз ин; дар пеш, дар оянда, минбаъд5. маҷ. пешқадам, пешрав; дар кор аз касе пеш будан6. маҷ. дам, теғ(а)-и чизе, пеши об, пеши каланд7. бо изофа ва пешванд ҳамчун пешванди номии таркибӣ ба маъноҳои гуногун меояд; пеши… а) назди…, ҳузури…; б) дар муқобили…, рӯ ба рӯи…; пеши назар, пеши рӯй; в) дар назди, барои…; аз пеши… а) аз назди…, аз муқобили…; б) аз канори…; в) аз ҳузури…; пасу пеш а) ин тарафу он тараф, ҳар ду тараф…; б) паи ҳам; пешу қафо: пасу пеш нишастан; пасу пеш ба нақл сар кардан; ба пеши… назди…, ба назди…, ба ҳузури…; дар пеши…. а) дар назди…, назди…; б) дар ҳузури…; в) дар муқобили…, дар рӯ ба рӯи…; пеш аз… қабл аз…, …муқаддам; пешпеш пешопеш, дар пеш; аз пеш аз рӯ ба рӯ, аз тарафи муқобил; дар пеш а) рӯ ба рӯ; б) дар оянда; пеш аз ин (он) қабл аз ин (он); пеш аз вақт қабл аз мӯҳлат, барвақт; пеш аз ҳама қабл аз ҳама, дар навбати аввал; пешу пас аввалу охир, атроф; аз ин пеш пеш аз ин, қабл аз ин, дар гузашта; аз ҳама пеш қабл аз ҳама; гирду (давр) пеш гирду атроф; аз пеши худ… бо ихтиёри худ, бо майлу хоҳиш ва салоҳдиди худ, бо фикру андешаи худ, ба сари худ; ба пеш! даъват барои пеш рафтан ва ҳамлаву ҳуҷум; ду пои пеш ду пои пеши чорпоён; пеш аз пода чанг хезондан қабл аз воқеа шӯру ғавғо бардоштан; пеш андохтан а) пеш-пеши худ гирифта бурдан; б) восита кардан, мутасаддии ягон коре кардан (касеро); пеш бурдан а) ба пеш ҳаракат додан; б) инкишоф додан, ривоҷ додан; пеш гирифтан ихтиёр кардан (чизеро, роҳеро, кореро); пеш гузаштан пешқадам шудан, сибқат доштан; пеш даромадан пеш аз касе ба роҳ даромадан; пеши гапро гирифтан монеи гап задан шудан; пеши касе сар фуровардан итоат кардан ва мутеъ шудан ба касе, таслим шудан; пеши роҳи касеро бастан (гирифтан) касеро аз амал боздоштан, ба пешрафти кори касе монеъ шудан; пеши чизеро гирифтан чизеро боздоштан, сади роҳи чизе шудан; пеш кардан а) таъқиб кардан, думболагирӣ кардан; б) рондан, дур андохтан, дур кардан; пеш кашидан чизеро наздик овардан; пеш омадан а) наздик шудан; б) дучор шудан; пеш рафтан а) ҳаракат кардан (ба пеш); б) тараққӣ кардан; даст пеш гирифта истодан эҳтиром ба ҷо оварда, омодаи хизмат будан; худат пешу-пешу… (чизат) аз пушт ҳам худат ва ҳам (чизат) корат даркор нест; қадаме ба пеш яъне пешравии коре ва муваффақияти муайян; пеш-пеш а) аз пеш, пешопеш, пеш аз дигарон; пеш-пеш рафтан; б) кам-кам, оҳиста-оҳиста; пеш-пеш об шудани барф; пеши-пеши… аз пеши…, пешопеши…: пеш-пеши дигарон рафтанII[پيش]збш. аломатест, ки барои ифодаи овози «у» و дар алифбои арабиасос хизмат мекунад, замма
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.